
ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни кормандони Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ идома дорад. Санаи 2 октябри соли ҷорӣ дастаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдон гардиданд, ки дар натиҷа дастаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб гардид.