Sunday, 19 October 2025
ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ.

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САРИДОРАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ.

      30 сентябри соли равон дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

      Дар озмуни мазкур аз ҷониби довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардида, зимни баррасии ҳуҷҷатҳо дар мувофиқатӣ ба талаботи тахассусӣ довталабон ба даври дуввум роҳ ёфтанд ва дар озмуни баргузоргардида ширкат варзиданд.

      Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби Комиссия ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, довталабон ба мансабҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд.