
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ОҒОЗ ГАРДИД.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" дар доираи баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни кормандони Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ санаи 24 сентябри соли ҷорӣ дастаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо дастаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдон гардиданд, ки дар натиҷа дастаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб гардид.