Sunday, 19 October 2025
Чорабинии машваратӣ-корӣ дар мавзӯи “Оммӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо”

Чорабинии машваратӣ-корӣ дар мавзӯи “Оммӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи онҳо”

       Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ санаи 25 сентябри соли 2025 барои 20 нафар масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе машварати корӣ баргузор гардид. Чорабинии зикршуда дар доираи “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” роҳандозӣ гардида, ба иштирокчиёни машварат тибқи барномаи таълимӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби мутахассисон маърӯза карда шуд.

      Дар раванди чорабинии мазкур доир ба камбудиҳои дар фаъолияти кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ҷойдошта кӯмаки амалӣ расонида шуда, ба омӯзиши талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба таври ҷидди амалӣ намудани коргузории махфӣ дар фаъолияти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

     Машваратӣ корӣ ба тарзи мубоҳиса ва кори амалӣ баргузор гардида, иштирокчиён дар фарҷом мубодилаи афкор ва таасуроти нек намуданд.