Sunday, 19 October 2025
ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ

ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТӢ

    Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни кормандони Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ идома дорад.

     Санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дастаи  Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди майдон гардиданд, ки дар натиҷа дастаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб гардид.

Хабарҳои муҳим барои Шумо